Нони гарм пухтаму барои аҳли оила шакароб тайёр карда истода будам, ки овози шавҳарам ба гӯшам расид: “Раънохон, телевизорро мон, канӣ бинем дар дунё чи гапу хабарҳои нав рӯй додааст!” Корамро нимкора гузошта аз пайи иҷрои хоҳиши мардакам шудам. Азбаски саргарми реза кардани пиёз будам, баъди телевизорро мондан ба чи гуфтани ин қуттии сеҳрнок чандон аҳамият намедодам. Як вақт наберачаам садо кард: “Бибиҷон, бинед, дадаи Шоҳинҷонро мардакои бисёр зада истодаанд!” Кордро партофта сӯйи телевизор давидам ва чашм ба экран дӯхта дидам, ки дар ҳақиқат як гуруҳ русҳо писарамро мурданивор зада истодаанд. Ашк беихтиёр ба бари рухсораҳоям шориду бо дили ҳазин худ ба худ пичиррос задам: ”Барои кадом гуноҳаш писарамро ин қадар бераҳмона зада бошанд?!” Шакароб заҳри баданамон гашт, пас аз дидани он манзараи ҳузновар дигар касе аз аҳли оила ба табақ даст дароз накард. Ба назарам он шаб дарозтарин шаб дар ҳаётам гашт, чунки то субҳ миҷа таҳ накардам. Субҳи рӯзи дигар амакаш занг зада гуфт, ки Содиқро барои риоя накардани қонунҳои бозор зада, ҷоғашро шикастаанд ва писарам дар беморхона хоб аст. Фиғонам бо шунидани ин хабар ба фалак печид. “Хавотир нашавед, Содиқҷон таҳти назорати духтурон аст. Табобат гирифта истодааст. Иншооллоҳ, сиҳат мешавад”,- дилбардорӣ намуд моро бародари шавҳарам.
Баъди даҳ рӯз писарамро ба Ватан равон карданд. Сару рӯяш докапеч буд. Сабаби моҷароро пурсидам. Содиқҷон гуфт, ки барои мошинашро дар пушти дари бозор мондан ӯро лату куб кардаанд. Муштзӯрони худобехабар ҷигарбандамро чунон бераҳмона задаанд, ки қариб мурда будааст. Хайрият, ки амакаш сари вақт аз моҷаро огоҳ шуда Содиқҷонро ба беморхона бурдааст, вагарна писаракамро аз даст медодем. Мо писарамонро ба он хотир ба Русия равон намуда будем, ки кор кунаду зиндагияшро пеш барад, на барои мурданивор шатта хӯрда бо ҷоғи шикаста ба Ватан баргаштан. Ҳоло бо дили сӯзон писарамро нигоҳубин намуда истодаам ва ҳар рӯз дуо мекунам, ки Худо фарзанди ягон касро дар ғарибӣ хору зор нагардонад.
Модари ҷигарсӯхта Фазилат