Formula novemver 2024
Дар Русия нони қоқ мехӯраму...
04.02.2023
ОИЛА
1931


Чандин сол аст, ки дар муҳоҷират қарор дораму аҳли оиларо бо меҳнати ҷабин таъмин мекунам. Занам гумон мекунад, ки ман пулро аз Русия дарав карда меорам. Азобҳоеро, ки ман дар Русия аз сар мегузаронам, худам медонаму Худованд.

Русия хонаи очаат нест, ки шабҳо назди телевизор якпаҳлӯ зада, чойи кабуд нӯшида шинӣ, барои ду танга дар назди русҳо сар хам карда, тамоми корҳои ифлосро иҷро мекунам. Рӯзҳое мешаванд, ки танҳо нони қоқ мехӯрам. Моҳҳо дар ҷангалҳои сард танам на собунро мебинаду на оби гармро.

"Ин азобҳоро ман танҳо ба хотири хӯронидану пӯшонидани ҳамсару фарзандонам таҳаммул мекунам, занам бошад, ба ҷойи шукрона кардан пайваста аз ман норозӣ аст".

Ҳамеша маро зихна номида, бародаронашро дар назди ман таъриф мекунад, ҳол он ки акаҳояш бо маоши давлат зиндагӣ карда, ҳатто шиками худашонро сер карда наметавонанд. Занҳояшон кор карда, онҳоро мехӯронанд.

Боре янгаашро дар бозор вохӯрдам, аз зиндагияш гила карда, чунон гапҳое гуфт, ки даҳонам воз монд. Акаи таърифияш ҳатто ба бозор намерафтааст, янгааш худаш халтаҳои вазнинро кашола карда, ба хонааш мебурд. Занам аз акаҳояш фаришта метарошад, вале ҳоли янгаҳояшро боре ҳам намепурсад.

Янгаҳояшро як умр ганда карда, бо онҳо қаҳрӣ мегардад. Ҳар рӯз ман ҳам кор кардан мехоҳам гуфта, дағдаға мекунад, вале фикр намекунад, ки маоши мегирифтааш ба роҳпуливу обедпулияш базӯр мерасад.

Борҳо пешниҳод кардам, ки куртадузиро ёд гирад, занаки ба дасту панҷа бо дузандагӣ ҳам нони даҳонашро ёфта метавонад, вале ҳамин ки номи дузандагиро гирифтӣ, зани маро барқ мезанад. Рӯз ба рӯз дилам аз чунин зани бефаросат ях мегардад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД