Arzon march 2024
Дар рамазон хобҳои даҳшатнок дидан нишонаи чист?
2954

Аз оғози моҳи шарифи рамазон хобҳои даҳшатнок мебинам. Рӯза мегирам, намоз мехонам, вале намедонам аз чи сабаб бошад, ки қариб ҳар шаб маро дар хоб сиёҳӣ зер мекунад. Илтимос, таъбири хобамро бигӯед, то дилам ором бигирад.

Мастура аз шаҳри Кӯлоб

Посух
Хоҳари азиз Мастурабону! Дар китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои паёмбар омадааст, ки дар моҳи мубораки рамазон тамоми дарвозаҳои биҳишт ба рӯйи мӯъминон кушода шуда, дари дӯзах баста ва шайтон занҷирбанд карда мешавад. Аз ҳамин хотир ҳар шаб хоби даҳшатнок дидани шумо сабабҳои дигар дошта метавонад.

1. Яке аз сабабҳои асосии дидани хоби даҳшатовар асабоният ва депрессия мебошад. Инсон аксаран бар асари тарсу ҳарос ва асабоният хобҳои даҳшатнок мебинад, вале ин маънои онро надорад, ки ба сараш ягон фалокат меояд.
2. Қабули баъзе дорувориҳо, аз ҷумла доруҳое, ки барои паст кардани фишори хун ва бемориҳои асаб пешбинӣ шудаанд, боиси дидани хобҳои нохуш гашта метавонанд.
3. Сабаби дигари дидани хобҳои даҳшатнок сер нашудан аз хоб аст. Инсон дар як шабонарӯз бояд на камтар аз 8 соат хоб равад. Вақте ки реҷаи хоб вайрон мешавад, кас ҳар хел хобҳои нохуш мебинад.
4. Хастагии аз ҳад зиёд низ боиси ба хоби сахт фурӯ рафтан ва дидани хобҳои нохуш гашта метавонад.
5. Боз як сабаби дидани хоби даҳшатнок хӯрдани хӯрокҳои сахт ва бирёнӣ пеш аз хоб мебошад. Бештар хӯрдани гӯшти гӯсфанд ва хӯроке, ки дар таркибаш равғани хук дорад, вале одам надониста онро истеъмол мекунад, боиси дидани чунин хобҳо мегардад.
6. Кас аз сар задани ягон ҳодисаи нохуш тарсу ҳарос дошта бошад, хобҳои даҳшатнок мебинад.
7. Хоб метавонад як навъ огоҳӣ низ бошад, масалан дар моҳи шарифи рамазон кас хоб бинад, ки сахт бемор шудааст, на зиқ,балки бояд хурсанд шавад, зеро чунин хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида аз қарзу қавола халос мешавад.
Барои пешгирии хоби даҳшатнок чи бояд кард?
8. Пеш аз ҳама ором бошед ва фақат дар бораи чизҳои хуб фикр кунед.
9. Новобаста ба он ки моҳи шарифи рамазон аст, кӯшиш кунед, ки аз хоб сер шавед.
10. Баҳудаву беҳуда ҳар хел дорӯҳоро истифода набаред.
11. Дар ифтор хӯрокҳои сабук истеъмол намуда, пеш аз хоб каме қадам занед, то хӯроки хурдаатон ҳазм шавад.
12. Қабл аз хоб як пиёла ширро бо як қошуқ асал омехта намуда, нӯши ҷон созед, бароҳат хоб меравед.
13. Тарсу ҳарос ва фикру хаёлҳои беҳударо аз саратон дур намуда, қабл аз хоб танҳо дар бораи ҳодисаҳои хурсандиовар ва лаҳзаҳои ширину хуши зиндагиатон андеша ронед.
14. Танҳо ба худованди меҳрубон такя карда, бештар дуо хонед ва аз офаридгор талаб намоед, ки шуморо аз шарри шайтони лаин ва дигар офатҳои заминию осмонӣ дар паноҳи худ нигаҳбон бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД