Arzon march 2024
Дар Рамазон хоб дидани Мункар ва Накир чӣ таъбир дорад?
2822

Салом! Ман шаби гузашта хоби аҷибе дидам ва бисёр мехоҳам таъбири хобамро бидонам. Дар хобам дар олами дигар бо ду фаришта-Мункар ва Накир сӯҳбат доштам. Онҳо ба ман як табақ хурмо доданд ва нопадид шуданд. Илтимос, таъбири хобамро гӯед. Дар моҳи шарифи рамазон чунин хоб дидани шахси рӯзадор фоли нек аст ё бад?

Саъдулло аз шаҳри Ваҳдат

Барои одами боимон ва покдилу покниҳод Мункар ва Накирро хоб дидан фоли нек ва гувоҳи зиндагии хушбахтона дар ду дунёст.

Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, одами камбағал хоб бинад, ки Мункар ва Накир ба ӯ чизе дода истодаанд, аз қашшоқӣ раҳоӣ ёфта, зиндагиаш пур аз файзу баракат мешавад. Шахси аз дин бехабар чунин хоб бинад, ба зудӣ роҳи ҳақро меёбад ва имон меорад.

Марди донишманд дар хобаш аз дасти ин ду фаришта чизе бигирад, соҳиби мансабу вазифаи баланд мегардад ё бою бадавлат мешавад.

Аммо шахси бемор Мункар ва Накирро хоб бинад, бояд фурсатро аз даст надода, тавба кунад ва барои гуноҳҳое, ки донистаю надониста содир намудааст, аз Худованд омурзиш талабад.

Хулоса, муносибати хуби Мункар ва Накир дар хоб бо шумо ва як табақ хурмо доданашон метавонад нишонаи аз кирдору рафторатон розӣ будани Аллоҳи меҳрубон ва қабули дуоҳоятон бошад.

Кӯшиш кунед, ки дар ин моҳи муборак бештар хайру эҳсон намуда, савоби даҳчанд ба даст оред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД