Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон стансияи барқии офтобӣ месозанд.
Ҷиҳати бунёди ин истгоҳи барқӣ алакай байни Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Помир-Энерҷӣ” ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) меморандум ба имзо расидааст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Помир-Энерҷӣ” бо USAID ҷиҳати сохтани боз як стансияи барқии офтобӣ дар маркази ноҳияи Мурғони ВМКБ меморандум ба имзо расонидааст, ки иқтидори он 400 кВт мебошад.
Ҳадаф аз бунёди стансияи нави барқии офтобӣ таъмини беҳтари аҳолии ноҳияи Мурғоб бо неруи барқ мебошад. Дар назар аст, ки истгоҳи нави барқии офтобӣ сокинони маркази шаҳри Мурғоб ва аҳолии деҳоти Куҳнақурғонро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард.