Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин оид ба сохтмони зеристгоҳи барқии офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ин санад 29-уми май дар Душанбе дар вохӯрии вазир Завқӣ Завқизода бо намояндаи минтақавии ширкати «Eging PV Technology Co., LTD» дар Осиёи Марказӣ Менг Ёнгфанг ба имзо расидааст.
Ин ширкат тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳи барқии офтобиро бо маблағи 150 миллион доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба роҳ монад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
- Дар вохӯрӣ имконоти сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ муаррифӣ гардид. Ҷонибҳо омодагиашонро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд иброз намуданд,- меафзояд манбаъ.