Ҳамагӣ ду-се рӯз қабл садои қаҳқаҳаи хандаи ин духтарчаи фатиламӯй фазоро пур мекард...
Ҳамагӣ чанд рӯз қабл ин фариштаи хурдакак мисли кабӯтараки сафед дастаконашро болову поин карда, бо шавқу завқи зиёд мерақсиду аҳли оила табассумкунон каф мекӯфтанд...
Гули сари сабади хонадон буд Шукриямои нозанин, аммо...
Ӯ дигар наметавонад қатори дигар кӯдакон хурсандию даву тоз намояд
Ӯ дигар наметавонад бо шавқ бирақсад ва шодию хурсандӣ кунад...
Ӯ дигар наметавонад бо нозҳои зебои кӯдаконааш дили волидонашро саршори фараҳ созад, зеро...
Боли парвози ин кабӯтараки сафед шикаст
Ин гулаки хушрӯю хушбӯй нашкуфта хазон гашт...
Модари дилсӯхта зор-зор мегиряд...
Падари фарзандгумкарда хун аз дида меборад...
Натанҳо волидону пайвандони ҷигарсӯхтааш, балки гӯё замину осмон ҳам барои ин фариштачаи ширинзабон ашки хунин аз дида мерезанд, зеро Шукронамои нозанин дунёи рангини кӯдакиро тарк гуфта, дар дили хок маскан гирифт!
Ин фоҷиа шоми кулфатбори 18-уми январ, тахминан соатҳои 17.00 дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб рӯй дода, Шукриямо қурбонии бархӯрди ду мошини тамғаи “Опел-Астра” гашт.
Шукриямои 5-сола ҳамон лаҳзаҳои аввали сар задани ин садамаи хунин дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд, мусофирони дигари мошин Осияи 7-сола ва Табарова Ҳуриниссои 55-соларо бо захмҳои фаровон ба бемористон интиқол доданд.
Дар марги фоҷиабори ин тифли маъсум кӣ гунаҳкор: тақдири бераҳм ё беэҳтиётии ронандагон?
Посух ҷустан ба ин саволи пурдард дигар маънӣ надорад, зеро пурсишу посухҳои мо наметавонанд Шукрияморо дубора зинда гардонанд.
Мо танҳо хоҳиш мекунем:
Ронандагони азиз! Ҳангоми нишастан дар сари чамбараки мошин ва ҳаракат дар роҳ хеле эҳтиёткор бошед, зеро як хатои шумо метавонад ҷони шахсони бегуноҳро рабуда, манзили эшонро мотамсарой гардонад ва дар дили пайвандонашон захму доғи хунине ниҳад, ки як умр шифо нахоҳад ёфт!