Arzon march 2024
ДАР МАРГИ ФОҶИАВИИ АСЛИДДИН ВА ДАВЛАТБЕК КӢ ГУНАҲКОР АСТ?
10091

 

Зи сад гул, як гулат нашкуфта охир

Зи дунё як дили ғамнок бурдӣ.

Ҷавони зеби дунё дорад, афсӯс,

Ҷавониро ту зери хок бурдӣ.

“....Бачаи ғуррамарги оча, гули бармаҳал хазон гаштаи оча, бачаи дар хоку хун оғӯштаи оча... во балам во балам...”  рӯю мӯяшро канда, бо қалби хунчакон зор-зор менолид модари Аслиддини 15-сола.

“Шаҳбачаи номуроди оча, бачаи тахту бахт надидаи оча, ҷомаи домодиат дар сари мех бесоҳиб монд, дӯстон аламҳои дили зорамро ба кӣ гӯям...” фиғон мекашид модари фарзандгумкардаи Давлатбек.

Дуди ғам ба фалак печидаву нолаву фиғони пайвандони ин ду ҷавони ормонии гулгункафан синаи осмонро медарид.

Дар ду хона ду мотами бузург!

Хурду калон рӯйканону мӯйканон ду гули хазонгашта, ду тобути ғарқи хунро ба водии хомӯшон гусел намуданд.

Ҳоли дили зори ду падари қоматшикаставу ду модари синачок,  сӯзиши синаи ёру бародар ва хешу ақрабои ин ду ҷавони шаҳидро фақат худашон медонанду худованд. Магар осон аст ба хоки сард супурдани ҷисми ду ҷавоне, ки рӯзе қабл садои қаҳқаҳаи хандаи беғашашон ба гӯш мерасид?!

Онҳо дар дил орзуву ҳавасҳи зиёде доштанд. Аслиддин ҳамагӣ 15 сол дошт, Давлатбек бошад, ҳамакнун ба баҳори 20-уми умраш қадам гузошта буд. Ин ду ҷавони пурормон шояд дар оянда одамони номдор ва номбардори Ватан мегаштанд, аммо...

Ҷавонии эшон дар зери чархи мошин монда, ба хун оғӯшта гашт...

Садамаи аввал рӯзи 21-уми декабр, тахминан соатҳои 22:35-дақиқа рӯй дода, мошини тамғаи “ДЭУ-Леганзе”  дар рӯ ба рӯи «Боғи-Ҳайвонот» Аслиддин Шарифови 15-соларо пахш намуд ва ин ҷавони ноком ба хуни худ оғӯшта гашта, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонфарин супурд.

Садамаи сархӯри дигар шоми ҳамон рӯз, соати 20:30-дақиқа ба вуқуъ пайваст ва мошини “Опел-Астра”, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати деҳоти Сарбанд ба самти кӯчаи Абдусамадов Давлатбек Турсунбоеви 20-соларо пахш намуда, риштаи умри ҷавонашро барканд.

Ронандагони азиз! Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, эҳтиёт кунед! Ҳангоми сари чанбарак нишастан сахт эҳтиёт кунед, зеро мошин асп нест, ки бо кашидани лаҷомаш бозистад.

Илтимос, ҳаёти худ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД