formula
ДАР МАРГИ АЗИМҶОНИ 8-СОЛА КӢ ГУНАҲКОР АСТ?
2353


Аъзамҷон ҳамагӣ 8 сол дошт ва саргарми орзуҳои тифлонаи худ буд. Ин писараки ширинрӯй рӯзи дароз қатори дигар ҳамсолонаш дар кӯчаҳо давутоз карда, ҳеҷ аз бозӣ сер намешуд. Ташна буд ин кӯдаки маъсум, ташнаи зиндагӣ, аммо...

Қалам дар тасвири манзараи ҷигарсӯзе, ки баъди ин садо дар пеши чашми шоҳидони фоҷиа ҷилвагар гашт, оҷизӣ мекашад.

Ҷисми кӯдаки маъсуме, ки ҳамагӣ як лаҳза пеш шоду масрур велосипедсавор мерафт, дар рӯйи роҳ, дар хоку хун ғарқ мехобид. Ҳанӯз ҷон дар рамақ дошт Азимҷони дар хун оғӯшта ва мисли чӯҷаяки нимбисмил барои зиндагӣ талош мекард, аммо...

Фиғони модар бо шунидани ин шумхабар ба фалак печида, бо нолаи ҷонсӯз, рӯю мӯйканон ба макони ҳодиса расид..Ҷигарбандашро дар хун тар дида, дунё дар назараш зеру забар гашт. Осмон гӯё ба сари ин зани бетолеъ якбора чаппагардон шуда, дар зери бори гарони ғаму дарди ҷигарсӯзаш пайкари наҳифи ӯро маҷақ-маҷақ кард, вале...

Фурсати фикр кардану гунаҳкор ҷустан набуд. Кӯдаки ба хун оғӯштаро зуд ба бемористон бурданд, аммо ҳанӯз ба беморхона нарасида, дили кӯчаки Азимҷони 8-сола аз тапидан бозмонд. Зарбаи сахти тақдирсӯз ва захмҳои бардоштааш имкон надоданд, ки ин тифлаки ширинрӯй дар набарди маргу зиндагӣ ғолиб ояд..

Навҳаи талху “во балам” гӯии модари зор, қомати бишкастаи падар, ашки талхи пайвандону афсӯсу надомати хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя, мо дар ин бора чизе намегӯем, зеро қалам бо ҳама тавоноияш тоби тасвири ин дарди сӯзонро надорад.

Фақат ҳамин қадар мегӯем, ки ин фоҷиаи хунини тақдирсӯз нисфирӯзии 3-юми май, тахминан соатҳои 13.00 дар Кӯшониён сар зада, ронандаи 31-солаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Раҷабзод Шоймардон Суҳроб ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Комсомол ба самти деҳаи Заргар аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, писарчаи 8-сола Асоев Аъзамҷон Дустмурдовичро, ки велосипедсавор мерафт, пахш кард. Писарак дар натиҷаи ин садамаи хунин захмҳои зиёде бардошта, дар роҳ ҷониби бемористон ҷон дод.

Фарзанд барои падару модар ширинтарин, азизтарин ва қиматтарин ганҷ аст. Фарзандонатонро бе назорат нагузоред, то гирифтори чунин фоҷиаҳои фалокатбор нагарданд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД