Рӯзи 22-юми ноябр бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории форум фароҳам овардани шароити мусоиди ташкилӣ, иттилоотӣ-коммуникатсонии технологӣ ва молиявӣ барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои рақамикунонии равандҳои тиҷоратӣ ва ташаккули иқтидори зарурии технологияҳои саноатӣ, рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати инноватсионӣ ва инфрасохтори он дар минтақаҳо аст.
Дар форум муаррифии консепсияи «Маркази ягонаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва прототипи каталоги онлайнии маҳсулоти истеҳсолшавандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар назар дошта шудааст.