sebiston july new
Дар хонаи хушдоманам ғулому хизматгорам
11.06.2023
ОИЛА
1490



Салом! Ман, як чавонзани аз зиндагӣ наосуда мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам.

Маро дар хонаи шавҳарам касе одам ҳисоб намекунад, касе хоҳад, маро мезанад, касе хоҳад, таҳқир мекунад, дашном медиҳад, касе хоҳад, табақи авқотро ба сарам ҳавола медиҳад. Барои аҳли ин оила ман як ғулом, як хизматгори тайёр ҳастам. Додаршӯям ҳатто либосҳои таҳпӯшакашро кашида ба сарам мезанад, ки инҳоро зуд шуста, дарзмол кунам.

Хусурам ҳам аз писаронаш монданӣ надорад, мудом «нохунҳоямро гир, пойҳоямро сум кун келин» гӯён, пояшро сӯйи ман дароз мекунад. Хушдоманам духтаронашро чунон эрка кардааст, ки қайсингилҳоям ҳатто косаи хӯрок хӯрдаи худашонро намешӯянд. Намедонам аз паси кадом як корашон давам. Рӯзи дароз аз паси гову мол, пухтупаз ва шустушӯй овора ҳастам, вале ин кӯрнамакҳо ба ҷои миннатдор шуда раҳмат гуфтан, маро мурданивор зада, аз хонаи мо баромада рав мегӯянд. Андеша намекунанд, ки бо чор кӯдаки хурдсол, ки ҳамаашон аз хуни онҳо ҳастанд, ман дар хонаи касе намеғунҷам.

Намедонам дарди диламро ба кӣ гӯям. Ба волидонам шиква кунам, маро ба таври худ насиҳат карда мегӯянд: «Духтарам ягон кас аз кор кардан намурдааст, ки ту мурӣ. Зиндагӣ пастию баландиҳо дорад, тоқат кун, ягон рӯз ҳамааш хуб мешавад…»

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед,чи кор кунам?
Г. С, хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Малика 2023-06-12, 08:59
Инхел зинда лозим нест
Посух
Адиба 2023-06-22, 01:39
Хохари азиз нотарсида равед аз хонаи инхел ноодамхо худатонро хор накунед саломатиятон зарур аст Худованд ризки бандахояшро медихад дар ягончо ба кор дароед фарзандонатонро то он дам дар хонаи волидонатон монед баьдан онхоро гирифта якчоя зиндагиро пеш баред
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Малика 2023-06-12, 08:59
Инхел зинда лозим нест
Посух
Адиба 2023-06-22, 01:39
Хохари азиз нотарсида равед аз хонаи инхел ноодамхо худатонро хор накунед саломатиятон зарур аст Худованд ризки бандахояшро медихад дар ягончо ба кор дароед фарзандонатонро то он дам дар хонаи волидонатон монед баьдан онхоро гирифта якчоя зиндагиро пеш баред
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД