Шаби гузашта хобиаҷибе дидам. Дар хобам бо Ҷаноби Олӣ сӯҳбат мекардам ва он кас ба ман либоси зебои қимматбаҳоеро тӯҳфа карданд. Чунон хурсанд шудам, ки вақте чашмонамро кушодам, дилам дар қафаси синаам бозӣ мекард. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
Зафар, муштарии Оила. ТЧ
Посух Сарвари давлатро хоб дидан фоли нек аст. Чунин хоб ба рӯй додани ҳодисаҳои фараҳбаш дар ҳаёти шахси хобдида ишорат менамояд. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, касе, ки президентро хоб мебинад, дар зиндагиаш тағйироти хеле калон ба вуҷуд омада, соҳиби мақому мартабаи баланд мегардад.
Гирифтани тӯҳфа аз президент дар хоб нишонаи он аст, ки ба наздикӣ шумо хабари хуш мешунавед ё дар ҳаётатон ҳодисаи хурсандиоваре рӯй медиҳад. Чунин хоб метавонад нишонаи муҳаббат, эҳтиром ва эътиқод низ бошад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар кас дар хобаш аз дасти сарвари давлат ягон туҳфа бигирад, бо шахси номдоре дӯсти пайдо мекунад, ки дар оянда барои амалӣ гаштани орзуҳояш ба ӯ ёрӣ мерасонад ва бо кӯмаки он шахс метавонад ба қуллаҳои баланд бирасад.
Гирифтани туҳфа аз президент метавонад нишонаи барор гирифтани корҳои шахси хобдида низ бошад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки президент дар хобаш ба кас чизеро туҳфа кунад, ба зудӣ сарчашмаи нави даромадро пайдо карда, сарватманд ва хушбахт хоҳад гашт