Sebiston new 2024 october
Дар хобат ҳамом кунӣ, зан мегирӣ ё аз сеҳру ҷоду халос мешавӣ?
1547


Салом! Вақтҳои охир тез-тез хоб мебинам, ки ҳамом карда истодаам. Хобамро ба чанд нафар дӯстонам гуфтам, вале ба ҳолам хандида гуфтанд, ки камтар аз паси занҳои зебо давам.

Марди илосак нестам, ки чунин хоб бинам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
Иноят аз шаҳри Ваҳдат

Посух

Бародари азиз! Ҳаммом кардани мард дар хоб ба зан ишорат мекунад. Марде хоб бубинад, ки ба ҳаммоми тозаю поку хушбӯй даромадааст, бо бонуи зебо, ҳунарманд ва худотарсу покдиле издивоҷ хоҳад кард, ки ба хонадонаш файзу баракати фаровон меорад. Ҳаммоми тоза, вале бе бӯй рамзи никоҳ бо духтари хушрӯю вафодор, вале аз аҳкоми динӣ бехабар аст.

Мабодо дил ба бонуе баста бошед ва хоб бубинед, ки дар ҳаммоми ифлосу чиркин оббозӣ карда истодаед, беҳтараш аз баҳри издивоҷ бо он хонум бигзаред, зеро ин хоб фоли нек нест ва ба он ишорат менамояд, ки хушбахтии комил насибатон намегардад.

Барои занон ҳаммом дар хоб нишонаи зиндагии орому осуда ва наҷот ёфтан аз ғаму дарду мушкилиҳост.

Аммо бархе аз таъбиргарон бар он назаранд, ки одами дар хобаш ҳаммом карда аз ҷоду ва зиёну зарар халос мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД