Arzon march 2024
ДАР КАДОМ ҲОЛАТ ЗАН АЗ МАРД МЕГУРЕЗАД?
7159

 

Аксари бонувон муҳаббату хостгории мардеро рад намуда, худашон ба ҳайрат меоянд, ки чаро дилашон ӯро нахост ва ҷавоби аниқ наёфта, асабӣ мешаванд. Мард бештар аз зан ба ғазаб омада, худ аз худ мепурсад: «Чаро вай маро нахост? Ман аз кӣ кам? Барои чӣ сабаби қабул накардани дилашро ошкоро нагуфт…» Албатта тобишҳо гуногунанд, вале аксарияти сабабҳои ниҳони ба ин ё он мард майл накардани занро номбар кардан мумкин аст

Мардакбезор

Шояд бо хонуме вохӯрдаед, ки ба тоифаи бонувони ба ҷинси мард нафрат дошта таалуқ дорад. Ин тоифаи занҳо чизи мехостаашонро ба ҳар роҳ ба даст овардан мехоҳанд, вале ба касею чиз дил намебанданд. Барояшон эҳсосу шавқу завқи дигарон муҳим нест. Паст задани мардони дилдода хушашон меояд. Ба ибораи дигар, палид ҳастанд.

Шӯйи бекафан намехоҳад

Ин тоифаи бонувонро вохӯрдаед? Не?! Пас, шумо хушбахт ҳастед! Аслан, намехоҳем бонувони пулпарастро танқид намоем, зеро ҳар инсон мехоҳад рӯзгори серу пур дошта бошад. Барои зиндагии зебо талош намудан айб нест. Бадиаш дар он аст, ки ин бонувон мардонро бо мақсади ғаразнок истифода мебаранд.

Ёри дигар дорад

Ба ҳеҷ ваҷҳ ба зан нагӯед, ки ёраш ба ӯ муносиб нест. Ин амалатон натиҷаи баръакс медиҳад. Духтареро аз дӯстдоштааш кашида гирифтанӣ бошед, бояд бо ӯ мисли дугона рафтор намоед.

Дилхӯшӣ мехоҳаду халос

Бонувоне, ки ба назари худашон назарногир менамоянд, бо нозу карашма ба дили мардон роҳ меёбанд, вале мардро ба худ наздик шудан намемонанд. Сабаб дар он аст, ки ин бону мехоҳад ӯро дӯст доранд. Вақте мард барои ба даст овардани дили зан кӯшиш мекунад, зан ба ваҷд меояд.

Хислати бад дорад

Аксарияти духтароне, ки хислати дар як гап наистоданро доранд, мардонро душмани худ мешуморанд. Омодаанд танҳо ба хотири мард буданашон ҳаёти ҷинси зарифро барбод диҳанд. Ин гуна бонуро аз худ дур созед!

Мардро заиф мебинад

Вақте мард ба худ эътимод надорад, зан худашро модари ӯ эҳсос мекунад. Бовар кунед муҳаббати чунин мардро зан ҳеҷ гоҳ қабул намекунад.

Аз афту башараи мард мегурезад

Аксари бонувону духтарон мехоҳанд шавҳар ё марди дӯстдоштаатон хушсару либос, боодоб ва бомаданият бошад. Аз ин лиҳоз пеш аз дасти бонуеро пурсидан аввал симои худатонро дар оинаи барқад дида, баъд хулоса бароред мардони азиз!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД