Дар Ҳисор як мошин ба канал афтида
2 нафар ҷони худро аз даст додаанд
Дар шаҳри Ҳисор ду нафар бар асари садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.
Бино бар иттилоъи манбаъ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 19-уми июл дар кӯчаи С. Раҷабови шаҳри Ҳисор рӯй дода, Дилноза Бойматова, сокини 32-солаи шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти Ҳисор, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст. Дар натиҷа, мошин ба панҷараҳои муҳофизатии пули болои канали обгузари “Ҳисор” бархӯрда, ба канал сарозер шудааст. Дар пайи ин ҳодисаи нохуш худи Дилноза Бойматова ва мусофири дар мошинаш буда Фахриддин Воҳидови 37-сола, ки сокини шаҳри Душанбе будааст, ҷони худро аз даст додаанд.