Sebiston new 2024 october
Дар интизори марг (ҚИСМИ 2)
1172

Кампир чашмонашро кушоду ба оринҷҳояш такя карда хест, ў баъди машқҳои зиёд нишастанро ёд гирифта буд. Рўзҳои дароз дасту панҷаҳояшро машқ медод, акнун мехост натиҷаашро санҷад.

Ў дар лаби кат покашол истоду баъд имои хестан кард, натавонист. Валя-хола одаме набуд, ки иродаашро монеа шиканад, ў пойҳояшро монда, такягоҳи катро дошта рост шуд. Ҳамин хел чанд лаҳза истод ва баъд оҳиста-оҳиста қадам зада, ба назди тиреза рафт. Дар берун баҳор ҳукмрон буд, аз ин бармеояд, ки ў як сол боз бистарист, ў рўи хона хеле қадам заду баъд сўи каташ омада, дароз кашид. Пеш аз дароз кашидан як қошуқча мураббои қулфинайро ба даҳонаш андохта буд ва акнун комаш ширин буду табъаш болида, шом Шарофат омаду ба ў пюреи картошка ва қимақабоб хўронд, баъд чойи ширинаш дод.

Кампир гап намезад, Шарофат ҳам гумон дошт, ки модараш аз забон ҳам мондааст, баъд ўро тоза карда, аз пешонии кампир бўсида, хоби хуш хост ва ба хони хобаш гузашт. Валя- хола бо ҳаловат хобид, ў аз Шарофат хафа набуд, бечора духтаракаш дар зиндагӣ азоби зиёд кашида буд. Рўзи дигар Валя –хола баъди субҳона боз рўи хона хеле қадам заду хобид. Баҳор омада, хўроки нисфирўзии ўро хўронду зуд ба хонаи дигар гузашт. Маълум буд, ки танҳо нест, овози хандаи мардонае меомад. Баъдтар кампир шунид, ки Баҳор илтиҷомез “накун-накун” мегўяд ва чизе ба замин афтод, Валя хола аз ҷояш хеста, оҳиста-оҳиста қадам монда, ба пушти дари ҳуҷраи Баҳор рафт.

- Чӣ ноз мекунӣ, модари ту рус аст, барои шумо чӣ фарқ дорад,- мегуфт мард.

Ҳамин дам Баҳор “дафъ шав” гуфту боз чизе афтид, Валя хола ба хона даромада, манзараеро дид, ки ҳуш аз сараш парид. Ҷавони ҳузарбе Баҳорро зери по карда буд, кампир аввалин чизи ба дасташ афтида Нотбуки болои мизро гирифта, ба сари ҷавон зад. Ҷавон сарашро дошта, аз ҷояш хесту тасмаашро баста-баста аз дар берун шуд.

Баҳор бошад, бо ҳайрат гуфт:

- Бибикалон, «ну ты даёшь...».

Баҳор нимрусиву нимтоҷикӣ ҳарф мезад, “бар падараш лаънат”, гуфт канда-канда кампир ва Баҳор аз ҷояш хеста, бибикалонашро ба оғўш гирифту фарёд зад “боз гап ҳам мезанед а?!”.

Баҳор бибикалонашро сари миз бурду ҳарду гоҳ мегиристанду гоҳ механдиданд, шом шуду Шарофат омада, ин навигариро дида, дар ҳайрат шуд. Ў назди модараш ба зону зада, бо ашки шашқатор гуфт:

- Мурам ман духтур нашуда, гумон кардам, ки тамом, дигар ту барнамехезӣ, ҳатто доруву дармонат накардам а?- Валя-хола сари духтаракашро ба оғўш кашида гуфт:

- Ту маро мисли кўдак нигоҳ мекардӣ, агар меҳри ту намебуд, шояд ман мемурдам.

- Оча медонӣ, бибикалон маро аз дасти Баҳром халос кард, Ноутбук, садқаи сар шуду,- Баҳор механдид. Шарофат абрўвонашро дарҳам кашида, духтарашро сарзаниш кард:

- Чанд бор ба ту гуфтам, ки бо ҳамон авбош дигар вонахўр а?

Ана ҳамин гуна гардишҳо дорад қисмати одамӣ, намедонӣ, ки фардо туро чӣ интизор аст!

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД