arzon replenishment
Дар қиёмат аз гиребонат мегирам, Расул!
25.02.2024
ОИЛА
1319

Расул! Рӯзи ба Русия рафтанат ваъда дода будӣ, ки зуд баргашта, туро ба занӣ мегирам. Суханонат то ҳол дар гӯшҳоям садо медиҳанд, вале аз байн се моҳ гузашта бошад ҳам, аз хостгорони ту дарак нест.

Борҳо модаратро дар назди хонаамон дидам, вале як сари қадам аз дарвозаамон даромада, нияти хостгорӣ доштанашро нагуфт. Як рӯз аз хоҳарат туро пурсидам, масхара карда, “Ту ба акаи ман чӣ кор дорӣ?!” гуфт. Аз шарм замин накафид, ки дароям. Мани сода ба ваъдаҳои хоми ту бовар карда, ба наздиконам “ман дӯстдошта дорам” гуфта, тамоми хостгоронро рад намудам. Акнун ҳама аҳли оилаамон маро таъна мезананд, ки тобистон тирамоҳу тирамоҳ зимистон шуд, дӯстдоштаат кай хостгор мефиристад?!

Дигар тобу тавони интизориро надорам. Модарам қасам болои қасам хӯрда мегӯяд, ки ин дафъа розигиямро напурсида, маро ба шавҳар медиҳад. Расул, худо накарда дасти дигаре ба ҷои дасти ту дастамро дошта, маро ба хонаи бахт бурд, то қиёмат гуноҳатро намебахшам. Зиндагиам талх шавад, фардои қиёмат аз гиребонат мегирам, номард!

З. аз ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД