Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон далели 130-сола будани Ҳувайдо Умароваро расман тасдиқ намуданд.
Вазорати адлияи ин кишвар таҳти шиори “Ягон шахс бе ҳуҷҷат намемонад!” аксияи калоне баргузор намуд ва дар доираи ин чорабинии васеъ солу моҳи таваллуди Ҳувайдо Умароваи 130-сола низ аниқ карда шуда, ин зани кӯҳансол ниҳоят соҳиби ҳуҷҷат гашт.
Суди ноҳияи Қӯқанд дар асоси ҳуҷҷатҳо тасдиқ намудааст, ки Ҳувайдо Умарова дар ҳақиқат 1-уми январи соли 1895 ба дунё омадааст.
Номи ин зани 130-соларо ҳамчун кӯҳансолтарин одами сайёра акнун ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда метавонанд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Канабарру Лукаси 116-сола аз Бразилия кӯҳансолтарин зани сайёра ҳисоб мешуд, вале соли равон ин зан аз олам даргузашт.