Ишқи аввал ғурраи сармозада
Дар яке аз шабҳои баҳор, ки борон сим-сим меборид, хома ба даст гирифта, бо ашки шашқатор ба Фирӯз нома навиштам.
“Фирӯз, азизам, маро бубахш. Туро интизор шуда натавонистам. Бо кадом рӯ ба волидонам гӯям, ки ман дӯстдошта дорам? Дарунам аз оташи ғам месӯзад. Бароям рӯзи мотам аст, на тӯйи арӯсӣ. Мехоҳам парранда шаваму парвозкунон наздат рафта, сар ба болинат гузорам. Ҷуз ту дигар касеро дӯст дошта натавонистам. Аз рӯзе, ки туро ба хизмати ҳарбӣ бурданд, дилам аз зиндагӣ сард гашт. Медонистам, ки мактабро хатм кунам, падарам ҳатман маро ба шавҳар медиҳад. Чӣ кор кунам, ҷонам? Охир, гапи падар барои ҳамаи мо қонун аст. Маро бубахш, ки туро мунтазир шуда натавонистам, ба ишқат хиёнат кардам. Арӯси нокомат Ситора.”
Номаро печонда субҳи саҳар ба дасти хоҳарчаам додам, то ки онро бурда, ба дугонаам диҳад, Лола хоҳари Фирӯз буд. Ӯро гусел кардаму ба саҳни ҳавлӣ баромадам. Ҳама дар тарадуди тӯй буданд. Пас аз чанд соат бояд домод барои бурдани арӯс меомад. Хешу табор, дугонаҳоям ҷамъ омада буданд. Ҳар кадоме огоҳам мекард, ки либосҳои арӯсиямро ба бар карда, омода шавам. Бо кумаки дугонаҳоям бо дили нохоҳам либосҳои арӯсӣ ба бар кардам. Вақте садои таблу най баланд шуд, дасту поям ба ларза даромад. Ашк рухсораҳоямро мешуст. Ҳама мегуфтанд ин ашки шодист, дар ҳоле, ки касе аз дарди дилам хабар надошт. Чанд лаҳза пас бо дуои падар маро ба хонаи бахт гусел карданд. Шавҳарам Рустам мисли Рустами достон ҷавони чорпаҳлӯи зебо буд. Рӯзҳо мегузаштанд, кӯшиш мекардам, ки Фирӯзро фаромӯш карда, ба Рустами достонам меҳру муҳаббат пайдо кунам. Аммо ҳама кӯшишҳоям бефоида буданд.
Рашки қайсингил ва хӯҷаини хона
Дар хона ғайр аз хушдоманам боз қайсингиле доштам, ки бо сабаби бефарзандиаш аз шавҳар ҷудо шуда буд. Аз рӯзе ба ин хона қадам гузоштам, ба ман рашку ҳасад мебурд. Аз субҳ то шом аз кору бори зиёд монда шуда, мехостам ба хонаам даромада, каме дам бигирам. Вале ӯ “янга ба берун баро” гӯён, маро нороҳат карда, ба сарам дод мезад. Хушдоманам ҳам аз ӯ метарсид. Аз ситами Моҳира ҷонам ба лаб расиду рӯзе ба Рустам шикоят кардам. Ӯ бошад, “тоқат кун Ситораҷон, ҳамааш хуб мешавад” гӯён, маро тасаллӣ медод. Ба хотири шавҳар тоқат карда, боз аз паи кору бори хона мешудам. Моҳира бо ман мисли хушдоман рафтор мекард. Либосҳо, ҳатто таҳпушакҳояшро ман мешустам. Агар бо Рустам гап задану хандаи маро медид, он рӯз ҳатман байни мо ҷанг меандохт. Рӯзе субҳи барвақт Рустам ба кор мерафту Моҳираро дар назди дарвоза дида гуфт:
-Ба Ситора кордор нашав. Ту хушдомани ӯ нестӣ!
Моҳира аз хашм дандон ба дандон заду ба акааш чизе нагуфт. Баъди баромада рафтани Рустам ӯ рост ба ошхона омада, аз мӯи сарам дошта, ба сарам дод зад.
-Ҳа хабаркаш, ба Рустам чӣ гуфтӣ? Дар ин хона ман хӯҷаинам, модарам не,- гуфта, маро лату кӯб кард. Тоқатам тоқ шуду бо тамоми овоз фарёд задам. Хушдоманам садои маро шунида, зуд аз хона ба берун баромад. Маро бо сару рӯи хуншор дида, ба духтараш дарафтод.
-Эй аблаҳ! Ту чӣ кор мекунӣ? Духтари мардумро накушӣ, ба падару модараш чӣ ҷавоб медиҳам. Кош, туро намезоидам,- гӯён маро аз замин бардошта, ба хона даровард. Аламам дучанд шуд. То имрӯз аз зиндагии пурдардам ба касе шикоят накарда будам. Он рӯз сабру тоқатро аз даст дода, ба хонаи ҳамсоя рафтам. Аз Ҷамила хоҳиш кардам, ки телефонашро диҳад. Ба модарам занг зада:
-Модарҷон, аз ҳолам хабар гиред. Чунин зиндагии сагонаро ҳаргиз намехоҳам, мурдан мехоҳам,- гуфтаму гиря гулӯгирам кард, дигар гап зада натавониста, телефонро хомӯш кардам. Дигар рӯи Моҳираро дидан намехостам. Аз ӯ ҳамеша дурӣ меҷустам.
Ҳомиладорӣ ва туҳмати қайсингил
Рӯзҳо мегузаштанду ман ҳомила намешудам. Рости гап, аз ин ғамгин ҳам намешудам. Ҳарчӣ зудтар аз ин хонадон халос шудан мехостам. Вале пофишориҳои шавҳарам водор кард, ки табобат гирам. Барои ин ба хонаи модарам рафтам. Муддати чанд рӯз дар он ҷо истодам. Ростӣ, дигар поям намекашид ба хонаи шавҳар баргардам. Пас аз ду ҳафта модарам маро маҷбур ба хонаам равон кард. Ҳар қадаре, ки ба хонаи шавҳар наздик мешудам, пойҳоям ларзида беқувват мешуданд. Пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш мекард. Базӯр дарвозаро кушода, вориди ҳавлӣ гаштам. Моҳира ду даст дар миён ба ҳавлӣ баромада, ба сарам дод зад:
-Барои чӣ омадӣ? Аз кӣ иҷозат гирифта, ба хонаи модарат рафтӣ? Дар хонаи мо дигар барои ту ҷой нест,- Ба суханони пучу бемаънии ӯ аҳамият надода, ба хонаи хоби худам даромаданӣ шудам. Ӯ бошад, аз дастам дошта, маро ба қафо тела дод. Аз зинапояҳои баланд афтода, аз ҳуш рафтам. Овози хушдоманамро мешунидам, вале аз шиддати дард чашмонамро кушода натавонистам. Чанде пас хушдоманам мошин оварда, маро ба беморхона оварданд. Баъди ташхис маълум гашт, ки дар батнам тифли ду моҳа фавтидааст. Тамоми аъзои баданам осеби сахт дида буд. Барои тифлам мегиристаму аз духтурон илтиҷо мекардам, ки тифлакамро наҷот диҳанд. Аммо духтурон зинда мондани кӯдакро кафолат намедоданд. Дере нагузашта, Рустам ҳам омад. Ӯ ҳолати маро дида, меҳрубонона тассалият медод. Ногаҳон пиразане, ки дар ҳамон беморхона фаррош шуда кор мекард, ба гӯшам пичиррос зада гуфт:
-Духтарҷон, қайсингилат назди духтурон омада, хоҳиш кардааст, ки тифли батнатро афтонанд. Гуфтааст, ки келинамон ҳангоми дар хонаи модараш будан ҳомила шудааст, кӯдак аз бародари ман нест.
Давом дорад