Commerce bank may-june 2026
Дар Душанбе «Топ-35 шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
85

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон моҳи август дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад.

Дар ин бора раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт: “Озмун бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гашта, дар он соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилотҳо иштирок менамоянд”.

Мақсад аз баргузории озмун муайян намудани ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ ва шарикии соҳибкорони ватанӣ-аъзои палата, ҷалби сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони боэътимоди Тоҷикистон, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо тавассути рақобати солим, муайян намудани ширкату корхонаҳои муваффақтарин ва боэътимод ва баланд бардоштани нуфузу эътибори соҳибкорони ватанӣ байни доираҳои соҳибкории мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД