Дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе барои велосипедронӣ роҳи махсус сохта мешавад. Тавре зимни нишасти матбуотӣ дар МИҲД-и шаҳри Душанбе зикр гардид, роҳи дучархаронӣ аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо хоҳад буд.
Роҳи алоҳидаи велосипедронӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакиро дар бар мегирад ва айни замон бозсозӣ шуда истодааст, бунёд хоҳад гашт. Паҳноии роҳи дучархаронӣ тахминан 1,5 метрро ташкил медиҳад.
Ҳоло маълум нест, ки роҳи мазкур кай мавриди истифода қарор дода мешавад, аммо тибқи нақша бозсозии роҳи кӯчаи Каҳҳоров, ки моҳи марти соли 2023 оғоз ёфта буд, бояд дар давоми 2,5 сол анҷом ёбад. Дарозии ин роҳ 6,6 километрро ташкил медиҳад.
Дар оянда сохтани чунин роҳҳои махсус барои велосипедронӣ дар дигар кӯчаҳои шаҳр низ ба нақша гирифта шудааст.