tobiston
Дар Душанбе озмуни «Беҳтарин ровии наврас-2025» оғоз мешавад
69

Аз 1-уми август дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ (марказҳои кӯдакон ва наврасон)-и ноҳияҳои шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин ровии наврас-2025» оғоз мегардад.

Озмун бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас дар самти ровигӣ, баланд бардоштани сатҳи суханварӣ, забондонӣ ва муаррифии чеҳраҳои нави эҷодӣ байни довталабони аз 9 то 18-сола доир карда мешавад.

Озмун дар ду давр баргузор гардида, даври якуми он аз 1-уми август то 30-юми сентябр дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ (марказҳои кӯдакон ва наврасон)-и ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Даври ниҳоӣ нимаи дуюми моҳи октябр дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе доир мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД