gazprom august 2025
Дар Душанбе озмуни «Барномасози ҷавон» баргузор гардид
28.08.2025
Oila.tj
87

Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандагони боистеъдод аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳорати худро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба озмун пешниҳод намуданд.

Озмун дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 гузаронида шуд.

Тибқи талаботи низомнома, озмун барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ташкил шуда, 4 бахшро дар бар гирифт: барномасозӣ, веб-барномасозӣ, сохтани манбаи маълумот (базаи додаҳо) ва сохтани шабакаҳои иттилоотӣ.

Ғолибон бо туҳфаҳо ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД