Ҳафтаи оянда, рӯзи шанбе, 19-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ниммарафони XV байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар чорабинӣ дар баробари варзишгарони тоҷик ҳамчунин аз дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон варзишгарон иштирок хоҳанд кард.
Ниммарафони XV байналмилалӣ аз назди «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе оғоз ёфта, масофаи 21 километру 97,5 метрро дар бар мегирад ва дар майдони Дӯстӣ дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён мерасад.
Барои баргузории ниммарафони XV байналмилалӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт беш аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро ишғол менамоянд, бо чунин ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд:
Ҷойи 1 - 38 500 сомонӣ
Ҷойи 2 - 33 000 сомонӣ
Ҷойи 3 - 27 500 сомонӣ
Ҷойи 4 - 16 000 сомонӣ
Ҷойи 5 - 14 800 сомонӣ
Ҷойи 6 - 11 500 сомонӣ
Ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 км медаванд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст.