sebiston july new
Дар Душанбе нақши занон дар замони Истиқлол баррасӣ шуд
128

Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлол ва занон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат занони тоҷик дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб гардиданд.

«Ин соҳибэҳтиромӣ имконият дод, ки занон дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат нақши муассир гузоранд. Имрӯз зан-модари тоҷик вакил, вазир, сафир аст ва ҳамчун олиму омӯзгор, табибу сиёсатмадор, ҳунарманду варзишгар, рӯзноманигору ихтироъкор ва муҳандису ҳомии Ватан дар пешрафти ҷумҳуриамон саҳм мегузорад», - гуфт Файзиддинзода.

Қайд гардид, ки дар паси ҳар марди муваффақ зану модаре меистад ва мардони бузургро модарони матиниродаву соҳибмаърифат ба дунё оварда, ба камол мерасонанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни ҳамоиш гуфт, ки агар соли 1989 дар мамлакат 66 ҳазор духтарон мактабҳои олиро хатм карда бошанд, соли 2023 256 ҳазор духтарони тоҷик соҳиби маълумот гардиданд, ки ин самараи Истиқлоли давлатии миллати тоҷик аст.

Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра занони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД