Дар шаҳри Душанбе нархи миёнаи 1 метри мураббаи хона ба 8 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Дар ин бора имрӯз, 29-уми январ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Раиси кумита зикр намуд, ки миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ нархи миёнаи хона дар Тоҷикистон арзонтарин аст. Ба қавли ӯ, нархи миёнаи 1 метри мураббаи хона дар ҷумҳурӣ аз 5 ҳазор сомонӣ боло аст.
Гуфта мешавад, ки нархи миёнаи 1 метри мураббаи хона дар шаҳри Хуҷанд 5350 сомонӣ, дар шаҳри Ҳисор 4650 сомонӣ, дар шаҳри Кӯлоб 4 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Ваҳдат 5 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Турсунзода 4500 сомонӣ, дар шаҳри Бохтар 4 ҳазор сомонӣ аст.