formula feb 2025
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии “Гран-Слам” баргузор мегардад
173

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишварамон Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор хоҳад гашт.

Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, баргузории мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам аз 2 то 4-уми майи соли 2025 дар назар дошта шудааст. Ин чорабинии бонуфузи варзишӣ дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мегузарад.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни мардум, махсусан ҷавонон ва солимтар гардонидани ҷомеа мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД