Дар Душанбе муҷассамаи Мулло Нуров гузошта мешавад
29.01.2026
Oila.tj
112

Бо мақсади гиромидошти хизматҳои содиқонаву софдилона ва саҳми арзандаи майори милитсия Мулло Нуров дар таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани нуфузи милитсияи тоҷик, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи С. Айнӣ 1, ноҳияи Шоҳмансур, собиқ бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муҷассамаи номбурда гузошта мешавад.

Бино ба навиштаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба фидокорӣ, садоқат ва хизматҳои шоистаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, барои наслҳои оянда ҳамчун намунаи ҷасорату мардонагӣ ва садоқату масъулиятшиносӣ хизмат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки майори милтсия Мулло Нуров ҳамчун корманди бозарсӣ солҳои тӯлонӣ дар сафи мақомоти милитсияи пойтахт фаъолият намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва муносибати самимӣ бо шаҳрвандон, дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи милитсия саҳми арзишманд гузоштааст.

- Бунёди муҷассама бо гулгашт ба зиммаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вогузор гардида, он бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, ҳамчун макони таърихӣ ва саёҳат ба сокинону меҳмонони хориҷӣ хизмат хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД