toyota motors
Дар Душанбе мактаби технологияҳои рақамӣ - “Мактаби 21” кушода мешавад
83

Бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе мактаби технологияҳои рақамӣ - “Мактаби 21” ифтитоҳ меёбад.

“Мактаби 21” дар маркази тиҷоратии Хадамоти алоқа дар Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ 57 ҷойгир шуда, 200 ҷойи нишаст дорад ва дар маҷмуъ 20 самти технологияҳои рақамӣ барои омӯзиш ба нақша гирифта шудааст.

Таҳсил дар мактаби технологияҳои рақамӣ барои шаҳрвандони аз синни 18-сола боло ройгон аст. Хоҳишмандон метавонанд дар ин мактаб касбҳои муосири самти IT-ро аз худ намуда, дар бахши технологияҳои рақамӣ кор кунанд.

Дарсҳо бо реҷаи 24/7 гузаронида мешаванд. Таҳсил вобаста ба касби интихобшуда ва суръати омӯзиш аз нӯҳ моҳ то ду сол давом мекунад. Дар мактаб формати "ҳамсол ба ҳамсол" амалӣ карда мешавад, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад мубодилаи таҷриба намуда, дар лоиҳаҳо ҳамкорӣ кунанд.

Барнома бо платформаи байналмилалии рақамӣ асос ёфтааст ва бо назардошти талаботи бозори меҳнат мунтазам нав карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД