Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19 то 25-уми майи соли равон дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе Фестивали футбол баргузор хоҳад гашт.
Ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар саросари ҷумҳурӣ як силсила чорабиниҳои сатҳи баланд ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла бозии дӯстонаи ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Россия, бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Ҳисор, бозиҳои ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 оид ба футзал байни “ширкати Соро” ва «Истиқлол», зиёда аз 25 фестивалҳои футбол барои кӯдакон дар тамоми минтақаҳои кишвар, оғози мавсими нави лигаи футболи занонаи Тоҷикистон, мусобиқаҳои кӯдакон ва наврасон дар минтақаҳои кишвар, мастер-классҳо бо иштироки бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва мусобиқаҳо дар байни ташкилотҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои футбол.
Федератсияи футболи Тоҷикистон кулли дӯстдорони варзиш, ҷавонон, мураббиён, мутахассисон ва мухлисонро даъват менамояд, ки ба ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамроҳ шуда, дар рушди футбол дар кишварамон саҳми худро гузоранд.