Ифтитоҳи корхонаи муштараки дорусозии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар Душанбе
Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Арбобхотун корхонаи муштарки дорусозии Тоҷикисон ва Ҳиндустонро ифтитоҳ намуданд
Корхонаи мазкур ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Разес Фарма” тааллуқ дошта дар марҳилаи аввал дар чаҳор хати истеҳсолӣ истеҳсоли 100 номгӯйи доруворӣ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхона ба 1 миллиарду 400 миллион қурс, 300 миллион ғилофак, 21 миллион доруҳои моеъ барои истифодаи берунӣ ва 13 миллион малҳам, крем ва гел мебошад. Тибқи нақша, дар оянда, номгӯйи маҳсулоти корхона то ба 250 намуд расонида мешавад.
Корхона бо технологияҳои муосири истеҳсоли ИМА, Италия, Олмон, Ҷопон ва дигар кишварҳои пешрафта муҷаҳҳаз гашта, тибқи стандартҳои байналмилалӣ дорувории босифату бехатар истеҳсол мекунад.