Gazprom july 2025
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейбол оғоз гардид
51

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи волейболи Тоҷикистон дар «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола оғоз гардид.

Дар он ҳайати дастаҳои мунтахаби духтарони то 16-сола аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доранд.

Ҳадафи баргузории мусобиқа рушди маҳорату сатҳи касбии волейболбозони ҷавон, табодули таҷриба, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои варзишии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Баргузории ин чемпионат дар Тоҷикистон барои омодагӣ ба мусобиқаҳои бузурги қитъавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла Чемпионати Осиё ва бозиҳои расмии FIVB барои волейболбозони ҷавон аҳамияти калон дошта, натиҷаҳои дастаҳо метавонанд дар раддабандии минтақавии дастаҳои наврасон таъсиргузор бошанд.

Мусобиқа 7-уми июл бо баргузории бозии ниҳоӣ ва супурдани ҷоизаҳои Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола ботантана анҷом хоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД