Расонаҳои Ӯзбекистон хабар додаанд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе “Боғи дӯстӣ” бунёд мекунанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, 12-уми феврал директори Агентии рушди саноати кишоварзии ин кишвар дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода гуфтушунид анҷом додааст. Дар рафти гуфтушунид тафсилоти лоиҳаи боғ баррасӣ гардида, чораҳои татбиқи он муайян карда шудаанд.
Гуфта мешавад, ки лоиҳа якчанд самтҳои асосиро фаро гирифта, татбиқи системаи обёрии қатрагӣ истифодаи оқилонаи захираҳои об ва шароити хубро барои афзоиши ҳосилнокӣ таъмин менамояд. Дар доираи лоиҳа инчунин омодасозии ҳамаҷонибаи хок - беҳтар кардани ҳосилхезии он, ворид кардани нуриҳои хушсифат ва фароҳам овардани шароит барои ҳосили баланд гузаронида мешавад.