35 years of independency
Дар Душанбе бинои нави шуъбаи БДА-ро ба истифода додаанд
13.11.2026
Оила
120

Дар Душанбе бинои нави шуъбаи БДА-ро ба истифода додаанд

13-уми ноябр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар доданд, бинои нав дорои 39 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст, ошхона барои 80 нафар, хобгоҳ ва китобхона мебошад.

Ҳамчунин, дар ин бино маркази назорати иншооти чароғакҳои роҳнамои шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Мутахассисони марказ шабонарӯзӣ фаъолият намуда, идоракунии чароғакҳои роҳнамо ва пешгирӣ аз тамбашавии ҳаракати нақлиётро назорат мекунанд.

Ба гуфтаи мақомот, бунёди иншооти мазкур ба беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон, баланд бардоштани самаранокии кори онҳо ва беҳтар кардани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон равона шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД