Дар шаҳри Душанбе бо мақсади дарёфти ҷавонони эҷодкору ихтироъкор ва навовар озмуни ихтироъкорони ҷавон - «Созандагони фардо» баргузор мегардад.
Озмун бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он ҷавонони аз 14 то 30-сола, ки истеъдоди ихтироъкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд. Муҳлати охирини номнависӣ то 1-уми декабри соли 2024 муқаррар шудааст.
Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир, дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.