17 гузаргоҳ барои пиёдагардон дар роҳҳои Душанбе барҳам дода шуданд. Аз ин гузаргоҳҳо панҷтоашон дар маркази шаҳр - хиёбони Рӯдакӣ воқеъ гашта буданд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сабаби асосии аз миён бардоштани гузаргоҳҳо ба миён омадани мушкили тамбашавии воситаҳои нақлиёт мебошад.
Гуфта мешавад, ки гузаргоҳҳои мазкур дар асоси дастури роҳбарияти МИҲД-и шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони соҳа барҳам дода шуданд.