Commerce bank may-june 2026
Дар Донишгоҳи молия ва иқтисод 15 ихтисоси нав арзи вуҷуд кард
85

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав ташкил карда шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 31-уми июл ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор маълумот дода, гуфт: “Бо мақсади омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори муосири меҳнат ҷавобгӯй дар донишгоҳ 15 ихтисоси нав таъсис дода шуд, ки ихтисосҳои “Зеҳни сунъӣ”, “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ” ва “Хоҷагии коммуналӣ” аз ҳамин ҷумла мебошанд. Ба ҳамаи 15 ихтисоси нав аллакай як гурӯҳӣ донишҷӯён қабул шудаанд”.

Дар идомаи суҳбат Сатторзода зикр намуд, ки тибқи нақша донишгоҳ дар соли хониши 2026-2027 бояд 3600 нафар донишҷӯёнро ба курси якум қабул намояд ва тибқи натиҷаҳои тақсимоти донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, ки Маркази миллии тестӣ эълон намудааст, дар даври аввал 2858 нафар донишҷӯён ба равияҳои гуногуни донишгоҳ қабул шудаанд.

Дар донишгоҳ 140 нафар донишҷӯён аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ таҳсил менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД