Салом ба хонандагон ва кормандони сомонаи дӯстдоштаам Оила. ТЧ! Ман ба доми фиреб афтодаам мехоҳам аз шумо маслиҳат пурсам.
Зани 24-солаи зодаи шаҳри Ваҳдат мебошам. Маро зӯран ба шавҳар дода буданд, вале дар рафти зиндагӣ ҳамсарамро дӯст доштам. Мо ҳамагӣ шаш моҳ хушу хурсандона зиндагӣ кардем ва як рӯзи шум шавҳарам дар садама ба ҳалокат расид. Аҳли хонаводаашон ҷавонмарг шудани шавҳарамро аз пою қадами номубораки ман дониста, баъди чанд рӯз маро аз хонаашон пеш карданд. Хулоса, як сол дар хонаи падарам бо дарду ғам зиндагӣ кардам, баъд ба тақдир тан додам, вале...
Як рӯз дар шабакаи Инстаграм бо ҷавоне шинос шудам, ки ба гуфти худаш аз занаш ҷудо шуда, як писар доштааст. Вай хеле меҳрубон буд ва бо суханони ширинаш маро волаю шайдои худ гардонд. Кор ба ҷое расид, ки агар занг назанад ё смс нанависад, қариб девона мешудам. Баъди 20-рӯзи шиносоӣ хост бо ҳам вохӯрем. Ман хеле хурсанд шудам ва баҳонае ёфта, ба шаҳри Душанбе омадам. Ҳаво гарм буд ва ҷавони дӯстдоштаам хост ба ягон бӯстонсарои Варзоб тамошо равем. Мани сода ҳам оқибаташро фикр накарда, розӣ шудам.
Ҳамин тавр мо ба дараи Варзоб рафтем. Бегоҳ ӯ маро бо мошинаш то наздикии шаҳри Ваҳдат овард. Ба гирдоби макри ин ҷавон афтида, минбаъд бо ҳар баҳона ба шаҳр меомадам ва бо ӯ мулоқот мекардам, вале баъди се моҳ ошиқам иқрор шуд, ки маро фиреб кардааст ва дар асл зану фарзанд дорад.
Вақте ин суханҳоро шунидам, дунё дар назарам тираву тор гаш ва гӯё ҳаётам ба охир расида бошад ба замин афтодам. Баъди соате ба ҳуш омадам, ки дар кате хобаму бародару падарам дар болои сарам рост истодаанд. Онҳо аз ман чи ҳодиса рух доданашро пурсон шуданд, вале сир бой надода, бад будани вазъи саломатиамро баҳона кардам.
Медонам, ки ин ишқ ба ғайр аз ғаму ғусса дигар чизе намедиҳад, вале аз ошиқи фиребгарам дил канда наметавонам. Азбаски баъди марги шавҳарам бо касе ошноӣ надоштам, ба ин ҷавон сахт дил бастам ва дигар аз вай дил канда наметавонам. Ӯ мехоҳад барои ман дар шаҳри Душанбе хонаи алоҳида, маро зани дуюм карда гирад ва ҳафтае ду-се маротиба ба наздам ояд. Ростӣ дилам мехоҳад, ки пешниҳодашро қабул кунам, вале метарсам, ки занаш ба сарам омада, маро дар байни мардум шармандаю шармсор насозад.
Азбаски худам аз бахт бенасиб гаштаам, хонаи зани дигареро вайрон карданӣ нестам, аммо ин дили девонаам намегузорад, ки аз баҳри ишқам гузарам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?