Меҳмони нохонда
Одина дар оилаи миёнаҳол ба дунё омада, ба воя расида буд, падару модараш даҳ фарзанд доштанд, нӯҳ писару як духтар. Падараш амаки Расо як умр оброни заминҳои пахтаи колхоз буду модараш холаи Моҳбону бошад, дар фермаи хоҷагӣ говҷӯш буд. Бо пош хӯрдани иттиҳоди абарқудрати шӯравӣ, колхоз низ барҳам хӯрду зану шавҳар бо як хона кӯдак бекору музтар монданд. Писарони калонӣ аллакай дар синфҳои болоии мактаб мехонданду шабу рӯз ҳамроҳи падар кори мардумро аз қабили гандумдаравию деворзанӣ, ҳезумкафонию дигар ташвишҳои ба русто хос иҷро намуда, пораи ноне ёфта, аробаи шалақи зиндагиро мекашиданд. Дар ҳамин айёми сангин фарзанди даҳуми ин оилаи калон ба дунё омад, падари хонадон аз пайдо шудани боз як нонхӯр изҳори нигаронӣ намуда буд, ки дояи деҳа момаи Ниҳолбӣ гуфт:
- Расо, ношукрӣ накун, мани ман гуфтагӣ мардон ба нохуни писар зоранду Худованд ба эшон тори мӯи фарзандро нишон намедиҳад, ту бошӣ, куфрони неъмат мекунӣ! Агар зӯрат ба нон додани ҳаминак нарасад, ман худам ӯро ба хонаам бурда ҳамроҳи набераҳоям калон мекунам, Худованд ғанию сахӣ аст, ҳам ризқи маро медиҳад ҳам аз ӯро… Амаки Расо пушти сарашро хорида монду момаи Ниҳолбии сахтгап аз ӯ напурсида, номи писаракро Одина монд.
-Дар рӯзи ҷумъаи муборак таввалуд шудааст, номаш ҳамроҳаш аст,- ба Моҳбонуи болои бистар хоб нигариста, зери лаб гуфт, доя…
Писари некқадам
Пас аз тавлиди Одина зиндагӣ на танҳо дар хонаводаи амаки Расо, балки дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард. Бо сар шудани раванди муҳоҷират ду писари калони хонавода ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанду бо пули хуб баргаштанд, оҳиста-охиста дар ҷойи хонаҳои пастаки лоини амаки Расо хонаҳои дуошёнаи бошукӯҳ қомат рост карданду писаронаш паи ҳам зан гирифта, рӯзгорашонро ҷудо карданд. Чор писари калонӣ дар Маскав кор мекарданду хурдиҳо бошанд, дар ноҳия ба тиҷорат машғул буданд, духтари ягонаи хонадон ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, дар мактаби деҳа омӯзгор буд. Одина, ки падар рӯзи ба дунё омаданаш норозигӣ карда буд, азизи дилу дидаи хонадон буд ва дар мактаби миёна аъло мехонд. Писарони калонӣ бо вуҷуди кордону пулёб будан, маълумоти олӣ надоштанд, холаи Моҳбону ба Одинаи хушқомати сиёҳқошаш нигариста мегуфт:
-Писарам зеби духтурӣ дорад, мехоҳам ӯ табиб шуда, ба мардуми ватанаш хизмат кунад. Як шохаи орзуҳои модар гул кард, Одина ба Донишгоҳи тиббии яке аз шаҳрҳои Федератсияи Русия дохил шуд. Бародаронаш мехостанд, ки додарашон дар хонаи иҷораи онҳо зиндагӣ кунад, вале Одина “бо ҳамсабақонам будан мехоҳам” гӯён, дар хобгоҳ монд.
Тоҷикписари доно
Одина дар солҳои аввали донишҷӯӣ худро чун ҷавони оқилу фарзона нишон дод, бародаронаш тамоми хоҳишҳояшро иҷро мекарданд, ӯ бар замми зебоию доноӣ хеле хушлибос низ буд. Дар гурӯҳе, ки Одина таҳсил мекард, тоҷикон набуданд, вале дар донишгоҳ тоҷикон мехонданду дар иду ҷашнҳо бо якдигар вомехӯрданд. Духтарони тоҷик мафтуни хушсуханию маҳфилороии Одина гашта буданд, вале ҷавон сухане берун аз доираи ҳамватанию дӯстӣ намегуфт. Русдухтарон бошанд, рӯирост ба «красавчик»-и тоҷик изҳори ишқ мекарданду ҷавоби рад мегирифтанд. Курси дуюм низ ба охир расиду ягон духтар дили Одинаро ба даст оварда натавонист, Марҳабо ном тоҷикдухтар, ки аз дигарон дида, бо Одина наздиктар буд, бо шӯхӣ аз ӯ мепурсид:
-Одина, росташро гӯй, дар Тоҷикистон Гулбибӣ дорӣ?-ҷавон аз шӯхиҳои духтари ҳамватанаш, ки ӯро ба қаҳрамони асари Айнӣ монанд мекард, ба ваҷд омада механдиду ба ҳамон оҳанг посух мегуфт:-Бале, Гулбибӣ бо Бибӣ Оиша интизори ман ҳастанд!-Аммо касе намедонист, ки дар дили ишқнописанди Одина чӣ сире нуҳуфта аст…
Ишқи аввал…
Одина синфи панҷ мехонд, ки дар дилаш дарди ширинеро эҳсос карда буд, агар он дарди кӯдаконаро ишқ номидан мумкин бошад… Бо гузашти солҳо он бузург шудан гирифту ҷавон рози дил пеши он хубрӯй, ки аз ӯ як синф поён мехонд, кушод ва Париро ҳайрон кард… Парӣ набераи кампири Ниҳолбӣ, ҳамон дояе буд, ки нисфи сокинони деҳа, аз ҷумла Одина низ рӯи дастонаш ба дунё омада буданд. Момаи Ниҳолбӣ, ки хеле кампири озода буд, ҳар гоҳе Одинаро бинад, аз пешонияш бӯсидаю аз остинҳои фарохаш себаки хушбӯ ё қандаке бароварда, барояш ҳадя мекарду мегуфт:- Одинаи ҷун, аз хотир набарор, ҳамин Париямро ба ту медиҳам! -Духтарча ба момааш норизоёна нигоҳ карда, гурехта мерафт ва Одина суп-сурх мешуд…
Оҳиста-оҳиста Одина Париро дӯст дошту ҳангоми ба Маскав омаданаш ӯро сари чашмаи деҳа танҳо ёфта, изҳори ишқ кард. Парӣ бо чашмони бодомии зебо, ки мижгонҳои баргаштааш онҳоро зеботар мекарданд, ба ҷавон нигариста чизе намегуфт. Одина инро рамзи ризоият фаҳмида гуфт:-Париҷон, илтимос, маро мунтазир шав, ман ғайри ту касеро намегирам! -Парӣ бо сари хам, қариб пичиррос зада ҷавоб дод, ки “ман ҳам хонданиям, аввал дохил шавам, баъд мебинем…” Ҳоло Парии ӯ дар курси аввали Донишгоҳи тиббии кишвар мехонду онҳо бо интернету телефон ҳамеша дар тамосанд , Одина ғайри ишқи Парӣ ишқи дигареро қабул надошт.
Давом дорад.