Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 19 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дода, афзуд, ки донишҷӯён бештар дар ихтисоси иқтисод ва молия ва қарз таҳсил мекунанд.
Зикр гардид, ки дар донишгоҳ курсҳои омӯзишии "Кадбону", гулдӯзии "Чакан", "Пешхизматҳо" ва "Дӯзандагӣ" ба таври ройгон ташкил карда шудааст.
Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Мушокиров изҳор дошт, ки қариб ҳама донишҷӯёни курси 4 дар соҳаи худ фаъолият мекунанд.
Тавре қайд карда шуд, имсол мағозаи бузурги Waikiki-и Туркия бо донишгоҳ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст ва онҳо омодаанд 100 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳро бо кори идоравӣ дар Туркия таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки имсол дар донишгоҳ нақшаи қабули довталабон 96,6 фоиз иҷро шудааст.