Як додгоҳ дар Чита 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои расонидани кумаки иқтисодӣ ба аъзои гурӯҳи террористӣ ба 8-9 соли зиндон маҳкум намуд.
Тавре расонаҳои русӣ менависанд, суд Қиёмиддин Исмонов, Шамсулло Давлатбеков ва Султонхӯҷа Каримовро дар дастгирии молиявии гурӯҳи террористии дар қаламрави Федератсияи Россия мамнуъи “Давлати исломӣ” гунаҳкор донистааст.
Тибқи маълумоти дар рафти тафтишоти парванда ба даст омада, маҳкумшудагон ба суратҳисоби бонкии аъзои гурӯҳи террористӣ барои харидани яроқ, маводи хӯрока ва дигар лавозимот маблағҳои пулӣ гузаронидаанд.