Бритониёиҳо хайрбоди тӯлониро дӯст намедоранд. Дар ин кишвар ба таври расмӣ бӯса кардани якдигар дар вокзалҳо манъ аст. Ҳукумат ҳамчунин шӯхиҳои беақлонаро қабул надорад.
Дар ин кишвар хеле боэҳтиёт будан лозим аст, дар акси ҳол, як шӯхии ноҷо метавонад тамоми умратонро барбод диҳад.
Барои мисол, дар Британия агар нафаре тасмим бигирад, ки ба хотири дилхушӣ занги дари хонаҳоро зер карда, сипас гурезад, барои чунин ҳазл ӯро ҷарима ё зиндон интизор аст.