Аз 21 то 25-уми май бо сабаби бориши дорои хусусияти селӣ дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел пешгӯӣ карда мешавад.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.