goodwell
Дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
14.07.2026
Oila.tj
113

КВД «Душанбеводоканал» аз қатъи муваққатии интиқоли оби нӯшокӣ дар қисме аз ноҳияи Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт хабар дод. Гуфта мешавад, ки маҳдудият аз соати 23:00-и 14-уми июл то соати 23:00-и 15-уми июл идома мекунад.

Сабаби қатъи об ба шабакаи амалкунанда пайваст намудани қубурҳои нави обрасонӣ дар доираи лоиҳаи таҷдиди кӯчаи Абдуқаҳҳор Қаҳҳоров мебошад.

Дар ин муддат сокинони микроноҳияҳои 61, 62, 63 ва 64, инчунин маҳаллаҳои Гулбутта-1, 2, 3 ва 4, Машъал, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1 ва Крупская-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаҳои Соҳибкорон-1, Деҳқонобод-1, Қуштеппа-1, Чилмеҳроб, Яккачинор-2 ва 1-уми Май дар ноҳияи Шоҳмансур бе об мемонанд.

«Душанбеводоканал» аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки пеш аз оғози маҳдудият миқдори зарурии оби нӯшокиро захира намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД