Дар сардтарин минтақаи кишварамон - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ лимити барқ ҷорӣ карда шуд.
Солҳои қаблӣ сокинони ин минтақа дар фасли зимистон бо барқи доимӣ таъмин буданд, вале имсол бо сабаби якбора хеле сард шудани ҳаво, яхбандии шадид ва паст шудани сатҳи об дар Яшикул, норасоии об ба миён омада, боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ ва ҷорӣ гаштани лимити барқ дар Бадахшон гаштааст.
Тавре директори “Помир Энерҷӣ” Амрихон Раҳимов зимни як ҷаласа бо иштироки раиси вилоят гуфтааст: “Айни замон танҳо шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳо бо барқи доимӣ таъмин буда, дар деҳоти дурдаст неруи барқ тариқи реҷа ба аҳолӣ дода мешавад”.
Масъулини “Помир Энерҷӣ” зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки маҳдудиятҳо то 6 соат дар як шабонарӯз идома меёбанд ва дар ҳолати тағйирёбии ҳаво, имкони зиёд шудани маҳдудият мавҷуд аст.
Алишер Мирзонабот, раиси вилоят ҷорӣ шудани лимити барқ дар вилоятро тасдиқ намуда, ба масъулин ҷиҳати кам кардани реҷаи таъминоти барқ (лимит) ва дастрасӣ ба Интернети баландсуръат супориш додааст.