Дар байни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines", ки аз шаҳри Боку ба Грозний парвоз мекард, ду зодаи Тоҷикистон - Субҳонқул Раҳимов ва Зинатулло Саъдуллоев низ будаанд.
Тавре расонаҳо навиштаанд, зодаи Тоҷикистон Субҳонқул Раҳимов ҳангоми суқути ҳавопаймо ҷон ба саломат бурдааст, вале сарнавишти тоҷики дигари дар ин ҳавопаймо буда Зинатулло Саъдуллоев маълум нест.
Гуфта мешавад, дар рӯйхати мусофирон, ки худи ширкат нашр кардааст, номи Субҳонқул Раҳимов ва Зинатулло Саъдуллоев ҳаст.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Субҳонқул Раҳимов шаҳрвандии Россияро дошта дар Екатеринбург зиндагӣ мекардааст. Ӯ аслан аз деҳаи Нарвади ноҳияи Айнӣ буда, солҳо пеш ҳамроҳи аҳли оилааш ба Русия кӯчидааст. Ҳамон рӯз вай бо як кори муҳим ба Грозний парвоз карда, бар асари ин фалокат аз пешониаш осеб бардоштааст. Пас аз афтидани ҳавопаймо Субҳонқул Раҳимов дар як навори видеоӣ пораҳои ҳавопайморо нишон дода, мегӯяд, ки "халабон ҳалок шуд".
Зинатулло Саъдуллоев бошад, 29-сола ва зодаи ноҳияи Файзобод аст. Соли 2020 шаҳрвандии Русияро гирифтааст. Сарнавишти ин ҷавони тоҷик маълум нест.
Ёдрас мешавем, ки ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines", ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар 30-километрии минтақаи Октау, дар ҷануби Қазоқистон суқут намуд.