Салом! Аксари духтарони тоҷик тамоми айбу гуноҳро ба гардани мардон бор карда, онҳоро дар хиёнат ва бевафоӣ гунаҳкор месозанд, вале дар асл ин тавр нест. Барои исботи ин гуфтаҳоям қиссаи ишқи нокоми худро мисол меорам.
Ман ҷавони 24-сола ҳастам ва дар як оилаи фарҳангии бообрӯ ба воя расидаам. Ҳанӯз аз замони мактабӣ Сабрина ном духтари зебоеро аз самими қалб дӯст медоштам. Ману Сабрина аҳду паймон баста будем, ки риштаи тақдирамонро бо ҳам пайваста, як умр ҷудо намешавем.
Пас аз хатми мактаб ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Амрико дохил шудам. Дар Амрико ҳамроҳам духтарҳои зебои бисёре аз кишварҳои гуногун таҳсил мекарданд, вале ман духтари тоҷикро ба ҳеҷ кас иваз кардан нахоста, ба Сабринаам вафодор будам. Орзу мекардам, ки баъди ба охир расидани таҳсил ба Ватан баргашта, бо тӯю тамошо бо Сабрина хонадор мешавам ва мо соҳиби фарзандони нозанин гашта, як умр хушбахтона зиндагӣ мекунем, вале…
Рӯзи ба Ватан баргаштанам мошинҳои хеле зебо орододаи загсро дар роҳи тангкӯчаи деҳаамон дида, ҳайрон шудам, ки тӯйи кӣ бошад. Ҳамин дам як духтари ҳамсояамон пайдо шуд ва маро дида, гуфт: “Сабрина шавҳар кард. Ҳозир ӯро ба хонаи бахташ мебаранд!».
Бо шунидани ин хабар забонам лол гашт, вале сир бой надода, бо сари хам сӯйи хонаамон равон шудам. Волидонамро зиёрат карда, кӯшиш мекардам, ки худро хурсанд вонамуд созам, аммо захми хуншори муҳаббати бебарор ҷисму ҷонамро сӯхта, ранг аз чеҳраам рабуда буд. Модарам ғамгиниамро пайхас намуда, маро насиҳат карданд, ки зиқ нашавам, сар амон бошад, тоқӣ ёфт мешавад ва садҳо духтарони зебо орзуи ба ман барин ҷавони соҳибмаълумот ва дипломдор ба шавҳар баромаданро доранд, вале ба ман на каси дигар, балки Сабринаам лозим буд.
Хулласи калом, ҷӯраҳоям ба ҷону ҳолам намонда, он бегоҳ маро ба тӯйхона бурданд. Арӯсу домодро дар сари тахти бахт дида, дилам ба фиғон омад, лекин бо азоб худамро ба даст гирифта, лаб фурӯ бастам. Бо дили гирён қади зебои Сабринаи азизамро тамошо мекардаму дарун ба дарун сӯхта хокистар мешудам. Баногоҳ чашмони хумори арӯс ба ман афтод ва худашро дошта натавониста гирист. Барои он ки домод ин ҳолатро пай бурда, гумони бад набарад, дарҳол тӯйхонаро тарк кардам.
Ҳамин тавр, Сабринаи бевафо маро тарк намуда, сар дар оғӯши ёри дигар монд ва баъди ду сол ман ҳам бо духтари дигар оиладор шудам. Ҳамсарам инсони хуб аст ва аз зиндагӣ шикоят надорам, аммо коре, ки Сабрина бо ман кард, мисли як захм дар дилам боқӣ мондааст.
Мақсад аз нақл кардани саргузашти ошиқонаам дар он буд, ки танҳо мардонро дар хиёнату бевафоӣ гунаҳкор насозанд, баъзе духтарҳое низ ҳастанд, ки ба рӯйи ишқи пок по монда, домони ёри дигарро мегиранд ва бо ин рафторашон дар дили марди ошиқ доғи якумра мегузоранд.
Б. О.