Formula novemver 2024
Дар 70-солагӣ зани ҷавон гирифта, дар бало мондам
30.03.2024
ОИЛА.ТҶ
1515

 

Салом! Ман як марди 72-сола ҳастам ва ҷонам аз дасти зани ҷавонам ба лабам расидаасту мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Зани якумамро надида гирифта бошам ҳам, зиндагии ширин доштем. Ҳамсарам зани ҳунарманд, покизакор ва бисёр меҳрубон буд. Ман ва хешу таборамро ҳурмату эҳтиром мекард. Якҷоя 3 духтару 3 писари паҳлавонамонро ба воя расонида, хонадор кардем. Акнун бояд дар сояи давлати фарзандон роҳат мекардем, ки занам ба касалии саратон гирифтор шуд ва шаш моҳ нагузашта, ҷон ба ҷонофарин супурд. Беҳуда “Худо давлатро дар пирӣ диҳад” намегуфтаанд. Ҳарчанд писарҳо ва келину набераҳоям дар барам бошанд ҳам, баъди сари ҳамсарам худамро ҳамеша яккаву танҳо ва пажмурда ҳис мекардам. Пас аз додани сари соли модарашон писаронам ба ман маслиҳат доданд, ки зан гирам. “Ягон зани аз 50-сола болоро ёфта, хонадор шавед. Ба шумо оби таҳорат диҳад, кифоя аст”,- гуфтанд фарзандонам, вале мани мӯйсафед поямро ба шохи баланд монда, “ман кампираки 50-60-соларо ба сарам мезанам? Зан медода бошед, зани ҷавон диҳед” гуфтам. Бачаҳоям таъкид карданд, ки зани ҷавон ба ман ҳаргиз зан намешавад, вале ду поямро дар як мӯза андохта, “зани ҷавон мегирам” мегуфтам.

Хулласи калом, худам як ҷавонзани 27-солаи бешавҳарро ёфтам ва ба никоҳам дароварда, бо ду кӯдакаш ба хона овардам. Аввалҳо занам духтари хуб менамуд, вале баъди он, ки аз ман ҳомила шуда, писар таваллуд кард, буҷулаш якбора асп хест ва талаб кард, ки хонаро ба номаш кунам. Ба хотири дар дами пирӣ танҳо намондан розӣ шудам ва хонаву дарамро ба номаш кардам. Гумон доштам, ки акнун зани ҷавонам маро тоҷи сар мекунад, вале хаёлам хом баромад.

Ҳамсари ҷавонам пӯстинашро чаппа пӯшида, дигар маро тамоман писанд намекунад. Ҳафтаҳо хӯрок намепазад, хонаву дар ҳамеша пур аз чирк аст, ягон чиз гӯям, ба сарам зод зада, таъна мекунад, ки ту мӯйсафеди фартутро ман гирифтам, вагарна ягон саг ҳам ба ту нигоҳ намекард...

Аз занам шикоят кунам, фарзандонам мегӯянд, ки падар, кори кардагии худатон аст, дилатон зани ҷавон хост, акнун тоқат кунед.

Намедонам чӣ кор кунам. Агар занамро талоқ диҳам, хонаву дар ба номаш аст ва вай метавонад маро аз хонаи худам пеш кунад.

Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?

 

Б. С., аз шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД