Arzon march 2024
Далдаи наврӯзӣ
652

                                Маҳсулоти лозима:
1 коса – гандум
1 пиёла – нахуд
1 пиёла лӯбиё
Шикамба ва почаи гӯсфанд ё буз
Об
Кабудӣ (гашнич, укроб, пӯдина, қоқи ҷамбилаҳак)

                                   Тарзи таҳия:
Лӯбиё ва нахудро як шаб то саҳар дар об тар карда мемонем. Субҳи содиқ аввал шикамба ва почаи майдашудаи буз, гусфанд ва говро ба де агдохта, оатш мегиронем ва то ҷӯшиданаш гандумро дар уғурак нағзакак мекӯбем. Пас аз каме ҷӯшидан гандуми кӯфтагӣ ва баъдан нахуду лӯбиёи таркардаамонро шуста ба дег меандозем. Барои он ки начаспад, дегро тез-тез кофта истодан лозим аст. Пас аз ҷӯшидани далда оташи дегро пасттар мекунем, то ки майда-майда ҷӯшида истад ва донагиҳо хуб пазанд. Бояд таъкид кард, ки пухтани далда вақти зиёдеро металабад ва тамоми маҳсулоти дар дег буда бояд пухта ҳалим шаванд. Пас аз он ки хӯрок тайёр шуд, кабудиҳоро шуста реза мекунем ва ба дег меандозем. Агар кабудии қоқ бошад, онро кафмол крада ба дег андозед ва баъди ҳамагӣ 5 дақиқа ҷӯшиданашон оташро хомӯш кунед. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД