Салом! Ман ҷавони 21-сола ҳастам ва мехоҳам ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Мегӯянд, ки аз 1-уми декабр муҳоҷирони меҳнатиро бе натиҷаи ташхиси ангуштон ба Русия роҳ намедиҳанд. Шунидам, ки дар шаҳри Душанбе низ ин ташхисро гузаштан мумкин будааст, аммо нархашро намедонам. Мегуфтед, ки дактилоскопияро дар Тоҷикистон дар куҷо мегузаронанд? Нархи он аз Маскав қиматтар аст ё арзон?
САИДШОҲ, аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ
Посух:
- Барои осон шудани корашон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пеш аз сафар ба Федератсияи Россия метавонанд дар Тоҷикистон аз ташхиси изи ангуштон - дактилоскопия гузаранд. Дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121) имсол Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Россия кушода шуд. Дар ин ҷо хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла сабти изи ангушт - дактилоскопия ва санҷиши манъи вуруд ба қаламрави Россия ба роҳ монда шудааст. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд пеш аз сафар дар ин ҷо аз ташхиси изи ангуштон гузаранд. Қаблан арзиши хизматрасонӣ дар намояндагӣ 460 сомонӣ буд, вале бо дархосту пешниҳодҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2024 арзиши хизматрасониҳо аз ҷониби Намояндагӣ паст карда шуд. Акнун муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои санҷиши манъи вуруд ва дигар хизматрасониҳо 153 сомонӣ ва барои гирфтани изи ангуштон ҳамагӣ 60 сомонӣ месупоранд. Ин дар ҳолест, ки дар худи Россия гирифтани изи ангушт 3000 рублро ташкил медиҳад.